Бизнес авиатсияи Осиё хусусиятҳои индивидуалии хешро дорад. Яке аз онҳо аз он иборат аст, ки дар ин ҷо ба хатсайрҳои пешбининашудаи ширкатҳои авиатсионии одатӣ маҳдудиятҳои назаррасро мемонанд. Ин он маъноеро надорад, ки гирифтани иҷозат барои рейс ғайриимкон мебошад, вале чунин проседура назар ба кишварҳои аврупоӣ зиёдтар тӯл мекашад ва бо он фақат мутахассисони таҷрибадори маркази байналмилали авиатсионии AVIAV TM (Cofrance SARL) машғул шуда метавонанд.
Агар барои Шумо иҷораи ҳавопаймо зарур шавад, Осиё онро бо хушнудӣ пешкаш менамояд, лекин рейсро дар мақоми олии авиатсионӣ мувофиқат кардан лозим мешавад. Бинобарин фармоиши парвозро пешакӣ додан хубтар аст, дар ин сурат мутахассисони AVIAV TM (Cofrance SARL) саривақт саёҳатро «аз ибтидо то интиҳо» ташкил мекунанд.
ҲАВОПАЙМОРО ЧӢ ГУНА ФАРМОИШ БОЯД ДОД
Худи проседураи бронкунӣ барои мизоҷ осон аст. Агар шумо хоҳиш дошта бошед, ки ҳавопайморо фармоиш диҳед, Осиё чунин имкониятро тариқи маркази байналмилалии авиатсияи тиҷоратии AVIAV TM (Cofrance SARL) пешкаш менамояд. Шаклро дар сомонаи мазкур пур карда, зеринро нишон диҳед:
- нуқтаҳои парвозу фурудоӣ,
- шумораи шахсон,
- санаҳои рейсҳои яктарафа ё ҳардутарафа,
- тамосҳо.
Система якбора навъҳои киштиҳои ҳавоии барои хатсайри мазкур муносиббуда ва нархҳои тахминии иҷораи онҳоро нишон медиҳад. Интихоб кардани варианти муносиб, мувофиқат намудани нюансҳои парвоз бо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL), бастани шартномаи фосилавӣ ва пардохтани он боқӣ мемонанд. Ҳамаи инро аз ҷой нахеста бо осонӣ кардан мумкин – ва ин афзалияти иловагии авиатсияи тиҷоратии Осиё мебошад.
Хатсайрҳои аксарият мисли пештара ин рейсҳои хусусӣ ба шаҳрҳои Ҷопон, Хитой, Таиланд, Малайзия, Шри-Ланка, Корея, Ҳиндустон, Сингапур, Ветнама, Филиппин, Муғулистон, Покистон, Бангладеш, Индонезия боқӣ мемонанд. Аммо AVIAV TM (Cofrance SARL) парвозро ба ҳар нуқтаи ҷаҳон ташкил намуда, ба мизоҷон интихоби навъҳои истеҳсолкунандагони маъруфи авиатсиониро пешкаш менамояд:
- Bombardier,
- Airbus,
- Dassault Aviation,
- Boeing,
- Embraer,
- Pilatus,
- Fokker,
- Gulfstream,
- Saab,
- Sukhoi Superjet,
- Cessna,
Фармоишгар сатҳи бароҳатӣ ва сервиси иловагиро худ муайян мекунад.
Хизматрасонии маҷмӮъии рейсҳо
AVIAV TM (Cofrance SARL) ва VIP авиатсияи Осиё хизматрасонии зерини маҷмӯъии рейсҳоро тақдим мекунанд:
- пешниҳоди трансфер дар шаҳрҳои парвоз ва фурудоӣ (минҷумла тавассути лимузинҳо),
- тартиб додани ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ барои ҳамаи мусофирон,
- хӯрок дар канор аз тарабхонаи интихобнамуда,
- ташкили чорабиниҳои корӣ ва идона дар парвоз,
- ҳамроҳии рейс аз тарафи мутахассиси зарурӣ (духтур, тарҷумон, муҳофиз, котиб, доя барои кӯдак),
- консерж сервис дар шаҳри муқарраршудаи ҷаҳон. Мизоҷ танҳо он хизматрасониҳоро интихоб мекунад, ки барои ӯ актуалӣ мебошанд. Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) омода аст, ки ҳар хоҳишҳои иловагии индивидуалиро иҷро намояд.
Бехатарии рейсҳо
Авиатсияи хусусии Осиё ба масъалаҳои бехатарӣ таваҷҷӯҳи махсусро зоҳир менамояд. AVIAV TM (Cofrance SARL) бо пешсафи ҷаҳонӣ доир ба ҳифзи бизнес-рейсҳо Wyvern Ltd. ҳамкорӣ мекунад, аз санҷишҳои доимии ширкати байналмилалии ARGUS International мегузарад, аъзои шабакаи бонуфузи чартерии Avinode ва, ҳамчунин, ассотсиатсияҳои пешсафи авиатсионии – EBAA ва National Business Aviation Association мебошад.
Шарикӣ бо чунин ташкилотҳои обрӯманд на фақат аз як қатор санҷишҳои иловагии техникии бисёрқабата гузаштанро вазифадор мекунад, балки бехатарии шахсии мизоҷонро барои тамоми давраи саёҳат таъмин менамояд.
Чаро AVIAV TM (Cofrance Sarl)?
- ВИП-авиатсияи Осиё– яке аз самтҳои афзалиятдори фаъолияти маркази байналмилалии брокерии AVIAV TM (Cofrance SARL) маҳсуб меёбад.
- Ширкат дар бозори бизнес-авиатсия аз соли 2006 кору фаъолият мебарад, дар 37 кишварҳои ҷаҳон намояндагиҳоро дорад.
- AVIAV TM (Cofrance SARL) бо фурудгоҳҳои пешсафи панҷ континентҳо ҳамкорӣ менамояд ва дар ихтиёри хеш чунин базаро дорад, ки иборат аз як чанд ҳазор ҳавопаймоҳои хусусӣ мебошад.
- Принсипҳои асоси кор:
— кафолати бехатарӣ,
— маҳфиятдории садфоиза,
— диққаткории қатъӣ,
— ҳисоботи шаффофи молиявӣ,
— муносибати эҳтиёткорона нисбати ҳар як сайёҳ.
Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷаҳони бизнес-авиатсияро бофаҳму дастрас мегардонад. Парвозҳои хусусӣ ҷиҳати ноил гаштан ба муваффақиятҳо ва ғолибиятҳои нав кӯмак мерасонанд.
Наши новости
Узнавайте первыми о том, что происходит в мире деловой авиации с AVIAV TM (Cofrance SARL)